Ссылки доступа

Дар порлумони Қирғизистон пешниҳоди манъи сигори электрониро доранд


Ташиев
Ташиев

Шойирбек Тошиев, вакили порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи порлумонӣ рӯзи 2 март пешниҳод кард, истифодаи сигори электронӣ дар он кишвар манъ шавад.

Ин вакили порлумон гуфт, аз он нигарон аст, ки сигори электрониро бештар духтарон истифода мекунанд.

Тошиев афзуд, вазорати ҳифзи тандурустӣ ва дигар мақомот бояд дар бораи зарари сигори электронӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маъракаи иттилоотӣ баргузор кунанд.

"Сигорҳои электрониро аз Чин меоранд, таркиби онҳо маълум нест, аз чӣ иборат аст. Ҳар дувумин духтар онро истифода мекунад. Ин масъаларо бояд дар сатҳи давлат баррасӣ кард", - гуфт Тошиев.

Манъи истифодаи сигори электронӣ дар порлумони борҳо баррасӣ шудааст. Моҳи ноябри соли 2022 вакили дигари порлумони он кишвар Улан Бакасов тарҳи қонунеро дар бораи манъи фурӯши чунин сигорҳо таҳия карда буд.

XS
SM
MD
LG