Ссылки доступа

Суҳбати Блинкен ва Лавров дар Ҳинд. Ҳамагӣ 10 дақиқа давом кард


Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен бо ҳамтои руси худ Сергей Лавров дар ҳошияи мулоқоти вазирони умури хориҷии кишварҳои "Бистгонаи бузург" дар Ҳинд суҳбат намуданд.

Ин нахустин мулоқоти онҳо баъди оғози ҳамлаи Русия ба Украина буд.

Хабаргузориҳои "Reuters" ва "New York Times" бо истинод ба намояндаи департамент иттилоъ доданд, ки суҳбат ҳамагӣ 10 дақиқа давом кард. Дар бораи баргузории ин мулоқот пешакӣ хабар дода нашуда буд.

Ба гуфтаи намояндаи Амрико, Блинкен дар сӯҳбат бо Лавров ба се мавзӯъ дахл кардааст. Ӯ гуфтааст, Вашингтон пуштибонӣ аз Украинаро идома медиҳад, аз Русия даъват кард, ки ба созишномаи коҳиши аслиҳаи стратегӣ ё "New START" баргардад ва ҳамчунин хостори раҳоии Пол Уилан, амрикоие шудааст, ки дар яке аз зиндонҳои Русия нигаҳдорӣ мешавад.

"Reuters" бо такя ба масъули амрикоӣ мегӯяд, ин мулоқот тасаввуротеро ба вуҷуд наовард, ки Русия дар ояндаи наздик самти худро тағйир медиҳад.

Дар бораи суханҳои Лавров чизе гуфта намешавад. Худи вазири умури хориҷии Русия низ ин вохӯриро шарҳ надодааст. Вазорати умури хориҷии Русия танҳо гуфт, ки он як "суҳбати сарироҳӣ" буд.

XS
SM
MD
LG