Ссылки доступа

Дар Узбекистон ду ҷавон барои офаридани нақши нозири роҳи "порахӯр" 15 рӯз ҳабс шуданд


Ду ҷавон аз ноҳияи Шаҳрисабзи Узбекистон охирҳои моҳи феврал бо либоси махсуи кормандони умури дохилӣ видеоеро сабт карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд.

Ҷавонон дар навор нақши ронанда ва нозири роҳеро, ки аз ӯ ришва мегирад, бозидаанд.

Дар хадамоти матбуотии Вазорати умури дохилии Узбекистон гуфтанд, ки муаллифони навор бо қарори додгоҳ муҷозот шуданд.

Додгоҳ ҷавононро, аз ҷумла ба "Майдаавбошӣ" айбдор эълом ва 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG