Ссылки доступа

Баҳси ронандагони тоҷик бо корфармоён дар Литва (гулчин)


Simferopol -- Flowering cherry plum tree, February 22, 2022
Simferopol -- Flowering cherry plum tree, February 22, 2022

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Баҳси ронандагони тоҷик бо корфармоён дар Литва.​ Баҳси гурӯҳе аз ронандаҳои тоҷик дар Литва бо як ширкати боркашонӣ ба сари маош чанд моҳ боз идома дорад. Муҳоҷирони тоҷик алайҳи ширкат ба Иттифоқи касабаи ин кишвар шикоят кардаанд. Ширкат, баръакс, аз кори муҳоҷирони тоҷик норозист. Даъвои ду тараф дар ин гузориши видеоӣ ҳаст. Бинед. (видео)

- "Маркази ҳифзи ҳуқуқ" дар Тоҷикистон баста шуд. Созмоне, ки ба ёрии корафтодагон мешитофт ва барои ин пул намегирифт, аз байн меравад. Чанде пеш масъулони Вазорати адлияи Тоҷикистон аз қатъи фаъолияти Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон хабар доданд. (видео)

- “Нони хӯрдан надорем, дар ҳавои хунук мондем”.​ Автобусе, ки 70 муҳоҷири тоҷикро аз вилояти Хатлон ба Русия мебурд, дар наздикии вилояти Самара дармондааст. Ин дар ҳолест, ки ваъда шуда буд, муҳоҷирон дар чор рӯз ба Маскав расонда мешаванд. Дар роҳ автобус борҳо вайрон шудааст. (видео)

- Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен вориди Остона шуд. Аз ин сафар чиро бояд интизор шуд? (видео)

- Пандемия коронавирус аз озмоишгоҳи Чин оғоз шуд? Гузориши нави Вазорати энергетикаи ИМА. (видео)

- “Бонуи шуҷоъ.” Тирандозии даҳҳо зану духтар дар Суғд (видео)

- Кормандони маъмурияти президенти Қирғизистонро ба асардуздӣ айбдор мекунанд. (видео)

- Дар Украина ҳазорҳо зодаи Осиёи Марказӣ ба сар мебарад. Онҳо дар шароити ҷангӣ чи гуна зиндагӣ мекунанд? (видео)

- Худкушии маҳбус дар Қазоқистон: аз меъдааш нома ёфтанд. (видео)

- Чаро сарояндаҳои тоҷик консертҳои бузург надоранд? Пас аз онки "Кохи Борбад" ва "Кохи Ваҳдат"-ро дар Душанбе ба истилоҳ расмӣ ва ба маҳалли вохӯрӣ ва суханронии раиси ҷумҳур табдил доданд, овозхонҳо ба толорҳои хурд кӯчидаанд. (видео)

- ​Дар Душанбе оқибаҳои ҷанг дар Украинаро намоиш доданд.​Дар Душанбе бо намоиши аксҳо аз харобаҳои Украина ёди қурбониёни ҷанги бедалели Русияро дар ин кишвар гиромӣ доштанд. Намоишгоҳ рӯзи 24-уми феврал аз тарафи сафорати Украина баргузор шуд, вале бе ҳузури намояндагони ҳукумати Тоҷикстону ҷумҳуриҳои дигари пасошӯравӣ. (видео)

- ​"Дар суроғи мавҷи телефон ба кӯҳ мебароем".​ Сокинони маҳаллаи марзие дар ҷамоати Ворух чандин сол боз аз фароҳам набудани алоқаи мобиливу интернет азият мекашанд. Онҳо мегӯянд, ин вазъият дар муноқишаҳои марзӣ ба онҳо душвориҳои зиёде пеш меорад, чун наметавонанд бо ягон ҷо тамос бигиранд. (видео)

- 4 тобути дигар аз Русия. Мотам дар Ванҷу Ҳисор. Марги 4 зодаи дигари зиндонии Тоҷикистон дар Русия дар ҷанги Украина тасдиқ шуд. Пайвандонашон гуфтанд, онҳоро маҷбурӣ ва ё бо ваъдаи афв ба минтақаҳои даргирӣ бурдаанд. Ёфтаҳои Радиои Озодӣ нишон дод, ки соли гузашта интиқоли тобут аз Русия ба Тоҷикистон низ зиёд шуд. Мақомот шарҳ намедиҳанд. (видео)

- Муҳоҷирон дар Маскав музди корашонро талаб доранд.​ Рӯзи 22-юми феврал дар вилояти Маскав беш аз ҳазор коргари ширкати “Крокус Групп” коршиканӣ карданд. Онҳо мегӯянд, чанд моҳи охир бидуни маош кор мекунанд ва аз корфармо танҳо ваъдаи хушку холӣ мегиранд. Масъулони ширкат ба муҳоҷирон гуфтаанд, муздашонро дар моҳи март интизор бошанд. (видео)

- Як зан мегӯяд, писари ягонаашро ба артиш бурдаанд. Як сокини Панҷакент даъво дорад, ки писари ягонаашро маҷбурӣ ба артиш бурда, ӯро танҳову бе саробон гузоштаанд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ҷавон ихтиёрӣ ба хидмат рафт ва хонавода ҳам бе саробон нест. (видео)

- Маҳбусони қирғиз гуфтанд, чи гуна аз зиндонҳои Русия одамонро ба ҷанги Украина мебаранд. (видео)

- Ҷаҳон аз пандемияи COVID-19 "дарс" нагирифт? Як муассисаи бузурги имдодӣ дар ҷаҳон мегӯяд, агар пандемияи дигаре ба мисли COVID-19 такрор шавад, дигарбора кишварҳои ҷаҳонро ғофилгир мекунаду сабаби мусибат мегардад (видео)

- Осиё: нақли як қирғизистонӣ аз дохили зиндони Русия. Мусоҳиба бо қирғизистоние, ки дар зиндони Русия аст ва бо волидони зиндониҳои дигар. Шумори қурбониҳои тарма дар Бадахшон бештар шуд. Дар Қазоқистон қурби танга нисбат ба доллару евро боло меравад. Дар Қирғизистон қимати неруи барқ гарон мешавад (видео)

- Тармаи маргбор дар Хоруғ ҷони чанд сокинро гирифт.
Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар шаҳри Хоруғ ҷустуҷуи ду фарде идома дорад, ки зоҳиран тармаи маргбор мондаанд. Дар натиҷаи фалокати табиӣ дар маркази маъмурии Вилояти Куҳистони Бадахшон дар рӯзи 15-уми феврал даҳҳо нафар кушта ва маҷруҳ шуданд (видео)

- Зеварбону Рауфӣ: "Ҳамаи мо ғариби ин мулкем".
“Аз Одаму Ҳавво” исми китобест, ки дар Фаронса бо забони тоҷикӣ нашр шуд. Муаллифаш рӯзноманигори ҷавон Зеварбону Рауфӣ аст. Ӯ чанд сол боз бо пайвандон, аз ҷумла падараш хабарнигор Зафари Суфӣ дар Аврупо зиндагӣ мекунад (видео)

- "Ду сол пеш забони қазоқӣ чунин талабот надошт!" Як зани олмонитабор русҳои ба Қазоқистон кӯчидаро забони қазоқӣ меомӯзонад (видео)

- «Ман ба мардум даркорам». Фаъоли қарақалпоқистонии 16 сол зиндон гирифта, ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят мебарад (видео)

- Мақомоти Русия сокинони Байконурро ба ҷанги зидди Украина даъват доранд? (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG