Ссылки доступа

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 8 март барои ҳуқуқи занон роҳпаймоӣ мекунанд


Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 8 март роҳпаймоии анъанавии ҳамраъйии занон зидди хушунату табъйизи ҷинсӣ баргузор мешавад. Дар ин бора ҳаракати феминистии "8/365" хабар дод.

Ба иттилои ин ҳаракат, дар Қирғизистон ҳолатҳои хушунат нисбати занон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар ҳоли афзоиш аст ва милисаву додгоҳ "ба таври бояду шояд кор намекунанд ва ба ҷиноятҳои нисбати занон чашм мепӯшанд".

"Фарқият байни маоши марду зан 30%-ро ташкил медиҳад. Ба далели камбуди боғчаҳо занон маҷбуранд бо кӯдакон дар хона нишинанд ва кори фосилавӣ анҷом додаву бори душашонро сангинтар кунанд. Қонун дар бораи баробарии ҷинсӣ кор намекунад. Ҳатто дар мудирияти давлатӣ айни замон ҳамагӣ ду вазир аз ҷумлаи занон ҳастанд. Дар 7 вилоят, 40 ноҳия, 32 шаҳрак ва 452 ҷамоат ягон зан роҳбар нест", - гуфтанд ташаббускорони роҳпаймоӣ.

Соли 2022 дар шаҳрҳои Бишкек ва Ӯш занон рӯзи 8 март роҳпаймоӣ карданд ва дар он маърака зидди ҷанги Русия дар Украина изҳорот доданд.

Аммо соли 2020 дар шаҳри Бишкек рӯзи 8 март пеш аз оғози роҳпаймоӣ афроди ношинос ба занон ҳамла карданд.

Бино ба Шохиси сулҳу амният барои занон, дар соли 2021 Қирғизистон аз ҷумлаи кишварҳои Осиёи Марказӣ хатарноктарин кишвар барои занон баҳо дода шудааст.

Дар соли 2022 дар он кишвар мақомоти қудратӣ дар робита ба хушунат нисбати занон 6580 парванда боз кардаанд. Аз ин теъдод ҳамагӣ 270 парванда то ба додгоҳ расидааст.

XS
SM
MD
LG