Ссылки доступа

Фаъоли қарақалпоқистонӣ Юлдошева дар ҷустуҷӯи паноҳандагӣ дар Қазоқистон


Вазъи паноҳандагии фаъоли қарақалпоқистонӣ Тлеубик Юлдошева то 3 июни соли 2023 тамдид шуд. Юлдошева дар Қазоқистон дар ҳабси пешакӣ аст ва Узбекистон истирдоди ӯро дархост кардааст.

Дар ин бора аз Раёсати ҳамоҳангсозии шуғл ва барномаҳои иҷтимоии вилояти Оқтеппаи Қазоқистон рӯзи 3 март хабар доданд.

Дар ҳолати ҷустуҷӯи паноҳандагӣ будан имкон намедиҳад, ки Юлдошеваро аз Қазоқистон ба Узбекистон истирдод кунанд.

Пештар расонаҳо хабар дода буданд, ки додгоҳе дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон ҳукми ҳабси пешакии Юлдошеваро то замони ҳал шудани масъалаи истирдоди вай ба Узбекистон тамдид кард.

"Бино ба қарори додгоҳ, шаҳрванди Узбекистон Юлдошева то 13 ноябри соли 2023 дар ҳабс мемонад", - хабар доданд дар додгоҳ. Ин қарор рӯзи 23 декабри соли 2022 содир шуда буд.

Мақомоти Узбекистон рӯзи 5 декабр аз Додситонии кулли Қазоқистон дархост кардаанд, ки Юлдошева барои ба ҷавобгарӣ ҷалб шудан ба Узбекистон истирдод шавад. Ҳамон рӯзи 5 декабр Раёсати ҳамоҳангсозии шуғли аҳолӣ ва барномаҳои иҷтимоӣ дар Оқтеппа ба Юлдошева шаҳодатномаи паноҳҷӯӣ дод. Шаҳодатнома 90 рӯз - то 5 марти соли 2023 эътибор дорад.

Қонунгузории Қазоқистон истирдоди паноҳҷӯёнро ба кишварашон манъ мекунад.

Юлдошева рӯзи 13 ноябри соли 2022 аз сӯи кормандони Хадамоти марзбонии Қазоқистон боздошт шуд. Гулмира Қуатбекова, корманди Дафтари ҳуқуқи башари Қазоқистон пештар хабар дода буд, ки Юлдошева бо ӯ тамос гирифта, гуфтааст, ҳангоми сафар ба Русия дар гузаргоҳи марзии вилояти Оқтеппа боздошт шудааст.

"Марзбонони қазоқ гуфтаанд, ки фаъоли қарақалпоқистонӣ таҳти пайгарди қонунӣ қарор дорад", - изҳор дошт Қутбекова.

XS
SM
MD
LG