Ссылки доступа

Дар Қазоқистон назорати видеоии маҳбасу боздоштгоҳҳо ҳатмӣ шуд


Дар Қазоқистон 27 феврал қоидаи истифодаи низомҳои назорати видеоӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ ва идораҳои пулис ба тасвиб расид.

Додситонии кулли Қазоқистон рӯзи душанбе хабар дод, ки бар асоси ин қоида, дар маҳбасу боздоштгоҳҳо ва идораҳои пулис, аз ҷумла воҳидҳои фавриву тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дурбинҳои назоратӣ насб карда мешавад.

Манбаъ афзуда, ки қарои насби дурбинҳои назоратӣ ҳамчунин масири меҳмонон ва утоқҳои амниятиро фаро мегирад.

"Ин чораҳо бо санадҳои байналмилалии зидди шиканҷа, ки аз сӯи Қазоқистон ба тасвиб расидаанд, мувофиқат мекунанд ва ба пешгирии шеваҳои ғайриқонунии тафтишот нигаронида шудаанд", - омадааст дар изҳороти додситонӣ.

Навори дурбинҳои назоратӣ метавонанд аз ҷониби вакилони дифоъ, ҷабрдидагон, гумонбарон ва мақомот ҳамчун далел истифода шавад.

Дар Қазоқистон парвандаҳои марбут ба шиканҷа дар бештари маврид то додгоҳ намераванд. Ҳомиёни ҳуқуқи маҳаллӣ мегӯянд, омилони шиканҷа дар ин кишвар аксари вақт беҷазо мемонанд.

XS
SM
MD
LG