Ссылки доступа

Қирғизистон як шаҳрванди Украинаро ба Белорус таслим кард


Шаҳрванди Украина Владимир Кадария, ки дар боздоштгоҳи Қирғизистон нигоҳдорӣ мешавад, ба Белорус истирдод шудааст.

Автандил Алимжанов, вакили дифои шаҳрванди Украина гуфт, шахси зери ҳимояи ӯро 4 март аз боздоштгоҳ бурданд.

"Вайро кормандони Вазорати умури дохилии кишварамон бурданд. Онҳо бояд вайро ба ҷониби дувум супоранд. Ба президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов муроҷиат шуда буд, вале бо вуҷуд истирдод карданд", - изҳор дошт ӯ.

Владимир Кадария қаблан бо ирсоли як нома ба унвони президенти Қирғизистон хоста буд, ки қарори Додситони кулли ин кишвар дар бораи истирдодаш ба Белорус бозбинӣ карда шавад.

Владимир Кадарияи 37-сола дар аввал шаҳрванди Белорус буд ва Андрей Ковалев ном дошт. Ӯ соли 2017, баъди дарёфти мақоми паноҳандагӣ ва сипас шаҳрвандии Украина номашро иваз кардааст.

Вайро мақомоти Қирғизистон моҳи августи соли гузашта бо дархости ҳамтоёни белорусии худ дар шаҳри Бишкек боздошт ва ду моҳ ҳабс карданд. Кадария аз дохили боздоштгоҳ ба Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Қирғизистон муроҷиат карда, моҳи декабри соли 2022 мақоми паноҳандагӣ дар ин кишварро низ дарёфт кард. Аммо додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек 12 декабри соли 2022 қарор кард, ки вай ба Белорус иртирдод карда шавад.

XS
SM
MD
LG