Ссылки доступа

Севумин гуфтугӯи телефонии президентҳои Русияву Қазоқистон аз ибтидои соли ҷорӣ Токаев


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бо ҳамтои русаш Владимир Путин тариқи телефон гуфтугӯ кард.

Дар хабари маркази матбуотии президенти Қазоқистон омадааст, ки "ду роҳбар вазъи кунунӣ ва тақвияти минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд".

"Таваҷҷуҳи хос ба масъалаи густариши масирҳои ҳамлу нақл ва робитаҳои иқтисодиву тиҷорӣ бахшида шуд", - омадааст дар хабар.

Ин севумин гуфтугӯи телефонии ду президент аз ибтидои соли ҷорӣ аст.

Бори аввал Путин бо Тоқаев рӯзи 3 январ суҳбат кард. Он замон ду президент масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои газу энержиро баррасӣ карда буданд.

Бори дувум суҳбати ду президент рӯзи 20 январ сурат гирифт. Дар суҳбати дувум низ Тоқаев бо Путин масоили ҳамкорӣ дар бахшҳо энерживу иқтисодро баррасӣ карданд.

XS
SM
MD
LG