Ссылки доступа

Дар шаҳри Тошканд мавсими гармидиҳӣ ба поён мерасад


Дар шаҳри Тошканди Узбекистон мавсими гармидиҳӣ рӯзи 10 март ба поён мерасад. Дар ин бора рӯзи 6 март аз шаҳрдории Тошканд хабар доданд.

Дар ҳукумати шаҳри Тошканд гуфтанд, мавсими гармидиҳӣ дар фасли тирамоҳ вақте оғоз мешавад, ки гармии ҳаво ба 8 дараҷа пойин ояд ва ҳам дар баҳор вақте ба поён мерасад, ки гармии ҳаво ба бештар аз 8 дараҷа расад.

"Бо назардошти он ки шуруъ аз моҳи март гармии миёнаи ҳаво бештар аз 10 дараҷа аст, тасмим шуд, аз 10 март мавсими гармидиҳӣ қатъ карда шавад", - омадааст дар хабари шаҳрдории Тошканд.

Ин дар ҳолест, ки дар шаҳри Тошканд мавсими гармидиҳӣ 22 октябри соли 2022 оғоз шуда буд.

XS
SM
MD
LG