Ссылки доступа

Мухолифони Туркия ба мақоми президентӣ номзади ягона пешниҳод карданд


"Иттиҳоди мардумӣ"-и Туркия, ки шаш ҳизби сиёсӣ ба он шомил мешавад, Камол Қиличдароғлуро ҳамчун номзади ягонаи мухолифон ба мақоми президентии ин кишвар дар интихоботи 10 март пешбарӣ кард.

Қиличдароғлуи 74-сола Ҳизби ҷумҳурии мардумии Туркияро, ки аз ҷониби Мустафо Камол Отатурк, президенти нахустини он кишвар таъсис ёфтааст, раҳбарӣ мекунад.

Тибқи иттилои хабаргузории Reuters, мухолифони Туркия мегӯянд, дар сурати пирӯзии номзадашон дар интихоботи президентии баҳори имсол пешниҳод хоҳанд кард, ки баъзе салоҳиятҳои раҳбари давлат маҳдуд ва унсурҳои низоми порлумонӣ таҳким бахшида шавад.

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон санаи интихоботи навбатии президентии Туркияро 10 март эълом кард.

Дар Туркия президент ба муддати панҷ сол интихоб мешавад. Як шахс наметавонад, зиёда аз ду муҳлат президент шавад. Соли 2017 Қонуни асосии Туркияро дигар карданд ва ин кишвар аз низоми порлумонӣ ба тарзи идораи президентӣ гузашт. Эрдуғон дар роҳи расидан ба ҳадафҳояш нишон медиҳад, ки ӯ барои ҳамеша ба масири ҳокимони худкома ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG