Ссылки доступа

Сарвазири Қирғизистон бо сафари корӣ дар Узбекистон қарор дорад


Раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов рӯзи 8 март бо сафари корӣ вориди Узбекистон шудааст.

Ба иттилои девони вазирони Қирғизистон, Ҷабборов аз корхонаҳои саноатӣ ва илмиву техникии Узбекистон дидан кардааст.

"Ҷабборов ҳамчунин ният дорад бо қирғизтабороне мулоқот кунад, ки дар деҳаи Манас дар вилояти Ҷиззахи Узбекистон зиндагӣ мекунанд", - хабар доданд дар девони вазирони Қирғизистон.

Ин бори аввал аст, ки Оқилбек Ҷабборов бо сафари корӣ ба Узбекистон меравад.

XS
SM
MD
LG