Ссылки доступа

Собиқ вазири дифои Қазоқистон 12 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи низомии Қазоқистон собиқ вазири дифои ин кишвар Мурод Бектановро, ки ба содир кардани "фармонҳои ғайриқонунӣ" дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 айбдор мешуд, 12 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ин ҳукм 24 феврали соли равон содир шудааст ва онро расонаҳои расмии Қазоқистон танҳо имрӯз нашр карданд. Масъулони додгоҳ бо ишора ба муҳри махфӣ доштани парванда ҷузъиёти онро шарҳ надодаанд.

Додситони кулли Қазоқистон Берик Асилов 5 январ дар порлумони он кишвар дар бораи ҳодисаҳои хунини "январӣ" ҳисобот дода, гуфт, Бектанов бо гумони сӯиистифода аз мақом дар вазъияти ҷангӣ дар зиндон аст. Ба гуфтаи ӯ, собиқ вазири дифоъ дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 "фармонҳои ғайриқонунӣ содир карда, иншооти стратегии низомиро бе муҳофизат гузоштааст".

Ба гуфтаи Асилов, маъмурони интизомии Қазоқистон ҳанӯз пеш аз фармони президенти ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев дар бораи истифодаи силоҳ ба сӯи тазоҳургарон тирандозӣ карданд.

Истифода аз силоҳ дар ҳодисаҳои "январӣ"-и Қазоқистон бори аввал рӯзи 5 январ ҳангоми пешгирӣ аз ҳамла ба қароргоҳи Тоқаев сабт шуда буд. Фармони Тоқаев дар бораи истифодаи силоҳ 7 январ содир шуд.

XS
SM
MD
LG