Ссылки доступа

Дар Андиҷони Узбекистон як зан худкушӣ кардааст


Иллюстративное фото
Иллюстративное фото

Дар ноҳияи Ҷалакудуки вилояти Андиҷони Узбекистон зани 23-солае ба сару рӯяш бензин пошида, худро оташ задааст. Сарфи назар аз кӯмаки тиббӣ вай фавтидааст.

Ин ҳодиса соати 11 рӯзи 7 март рух додааст. Дар ин бора аз маркази матбуотии Додситонии кулли Узбекистон хабар доданд.

Ба кӯмаки сокини маҳаллаи "Биршаган" А.Р. одамоне шитофтанд, ки дар наздикӣ буданд. Аммо сарфи назар аз кӯмаки тиббӣ, вай дар бемористон фавтид.

Барои муайян кардани сабабҳои худкушии зан ташхиси судиву тиббӣ ба роҳ монда шудааст. Додситони ноҳиявӣ тафтишро шуруъ кардааст.

XS
SM
MD
LG