Ссылки доступа

Дар Қазоқистон ҷазо барои хушунати хонаводагиро сангинтар мекунанд


Сенати порлумони Қазоқистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунеро баррасӣ мекунад, ки ҷавобгарӣ барои хушунати хонаводагиро сангинтар хоҳад кард.

Бино ба хабари расонаҳои маҳаллӣ, дар лоиҳа "анҷоми амал алайҳи шахсе, ки аз нигоҳи молӣ ё чизи дигар аз айбдоршаванда вобастааст" ба гуруҳи хушунати хонаводагӣ шомил карда шудааст.

Ин иқдом ба вазнинтар нишон додани ҷинояткории мазкур нигаронида шуда, ҷавобгариро барои он тибқи моддаи 106-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон, сангинтар менамояд. Қонуни нав барои ин навъи ҷиноят аз 6 то 10 сол пешбинӣ мекунад.

Хушунати хонаводагӣ яке аз масъалаҳои доғ дар ҷомеаи Қазоқистон боқӣ мемонад. Бар асоси оморҳо, бештари қазоқистониҳо аз сӯи шавҳарон ё шарикони худ мавриди хушунат қарор мегиранд.

Пулиси Қазоқистон ҳамасола беш аз 100 ҳазор шикоятро дар робита ба хушунат қайд мекунад, ки аксари онҳо зидди бонувон сурат гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG