Ссылки доступа

Дар Қирғизистон соҳибкорон эъломи моратория ба истифодаи дастгоҳҳои хазинавиро талаб доранд


Як гуруҳ аз соҳибкорони вилоятҳои Талас ва Иссиқкули Қирғизистон 10 март дар шаҳри Бишкек дубора зидди истифодаи дастгоҳҳои хазинавии назоратӣ (ДХН) тазоҳурот карданд.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки дар тазоҳурот ҳудуди 400 кас ҷамъ шуда, талаб доранд, ки мақомот ба истифодаи дастгоҳҳои мазкур ба муҳлати 5 сол моратория эълом намоянд.

Соҳибкор аз Талас Медетбек Суйунбоев дар суҳбат бо радио гуфт, "пушти ин тазоҳурот касе наистодааст" ва онҳо таҳо мехоҳанд, ки эътирози худро ба навоварии ахир дар бахши андоз баён кунанд.

Дар шаҳри Талас низ рӯзи 9 март тазоҳурот баргузор шуда буд.

Порлумони Қирғизистон 22 декабри соли гузашта лоиҳаи Кодекси нави андози ин кишварро ба тасвиб расонд, ки роҳандозии дастгоҳҳои назоратии кассавиро дар марказҳои савдо пешбинӣ мекунад.

Гуруҳе аз соҳибкорони Қирғизистон борҳо дар назди бинои маъмурияти президент ва девони вазирони он кишвар дар шаҳри Бишкек зидди истифодаи дастгоҳҳои кассавии назоратӣ (ДКН) тазоҳурот карданд.

Ахиран раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров дар суҳбат бо телевизиони "Ала-Тоо 24" гуфта буд, ки эҳтимол муҳлати истифода набурдани ДХН дар бозорҳои он кишвар дароз карда шавад

XS
SM
MD
LG