Ссылки доступа

Абдуқодир, шахси муттаҳам ба пулшӯӣ дар Бишкек масҷид ва меҳмонхона месозад


 Президент Садыр Жапаров и предприниматель Хабибулла Абдукадыр на месте строительства мечети в селе Орто-Сай. 10 марта 2023 года.
Президент Садыр Жапаров и предприниматель Хабибулла Абдукадыр на месте строительства мечети в селе Орто-Сай. 10 марта 2023 года.

Ширкати Ҳабибулло Абдуқодир, соҳибкори уйғур, ки аз ӯ ба унвони созмондиҳандаи империяи қочоқи мол дар Осиёи Марказӣ ном мебаранд, дар шаҳри Бишкек бузургтарин меҳмонхона ва масҷидро хоҳад сохт.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 10 март дар Бишкек санги асоси маҷмааи бузургти тиҷориеро гузошт, ки аз меҳмонсарой, марказҳои савдо ва тарабхона иборат аст. Ӯ ҳамчунин ба сохтмони масҷиде дар деҳаи Орто-Сойи шаҳр барои 20 ҳазор намозгузор оғоз бахшид.

Дар аксу видеоҳое, ки хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон нашр кард, Ҳабибулло Абдуқодир дида мешавад ва ҳузури шахси муттаҳам ба қочоқ дар маросими расмӣ баҳсҳои тундеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.

Ҷабборов 11 март дар суҳбат бо хабаргузории расмии "Кабар"-и Қирғизистон ҳамкорӣ бо Абдуқодирро шарҳ дода, ӯро соҳибкор номид. Вай гуфт, масҷид ройгон ва меҳмонхона дар замине сохта мешавад, ки чанде пеш фурӯхта шуда буд.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар якҷоягӣ бо Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи Kloop.kg қисмати дувуми таҳқиқоти рӯзноманигориро дар бораи ба хориҷ бурдани 700 миллион доллар аз Қирғизистон нашр карданд.

Соҳибкори чинӣ Айеркен Саймаитӣ, ки дар шаҳри Истамбули Туркия тирамоҳи соли 2019 кушта шуд, гуфта буд, Абдиқодир таҳти ҳимояти Раимбек Матраимов, муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон аз Чин ба Ӯзбекистон мол интиқол медод. Саймаитӣ ҳамчунин гуфта буд, ки на камтар аз 700 миллион доллари марбут ба Абдуқодирро аз Қирғизистон ба хориҷ бурдааст.

XS
SM
MD
LG