Ссылки доступа

Семей бадтарин шаҳри Қазоқистон барои зиндагӣ эълом шуд


Шаҳри Семей, маркази маъмурии вилояти Абайи Қазоқистон дар раддабандии миллии сатҳи зиндагӣ дар шаҳру навоҳии ин кишвар дар соли 2022 мақоми охиринро касб кардааст.

Институти пажӯҳишҳои иқтисодии Қазоқистон дар раддабандии худ ба сатҳи зиндагӣ дар 25 шаҳри ин кишвар бар асоси се омил - иқдисоду тиҷорат, захираҳои инсонӣ ва зербиноӣ баҳо додааст.

Шаҳри Остона аз 10 хол 5,89 холро касб карда, мақоми аввалро ва Семей бо гирифтани 3,89 хол мақоми охиринро соҳиб шудаанд. Мушкилиҳои асосии Семей сифати хадамоти коммуналӣ, вазъи роҳҳо ва ифлосии шаҳр гуфта шудааст.

Мақоми шаҳри Туркистони Қазоқистон дар раддабандӣ назар ба соли 2021 19 зина боло рафтааст. Шаҳри Жанаозени ин кишвар низ аз зинаи охирин ба 16-ум боло рафтааст.

XS
SM
MD
LG