Ссылки доступа

Дар Қирғизистон 23 мартро оғози моҳи Рамазон эълом карданд


Соли ҷорӣ моҳи Рамазон дар Қирғизистон 23 март фаро мерасад. Дар ин бора Раёсати маънавии мусалмонони Қирғизистон хабар дод.

Дар ин ниҳод гуфтанд, эҳтимоли таъхири якрӯза мавҷуд аст.

Моҳи Рамазон бо рӯзагирӣ фаро мерасад ва маъмулан 30 ё 29 рӯз давом мекунад. Мусалмонон дар ин моҳ аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб аз хурдану ошомидан худдорӣ меварзанд.

XS
SM
MD
LG