Ссылки доступа

Дар Туркманистон сагу гурбаҳои бесаробонро мепаронанд (видео)


"Шикор" ва қатли оммавии сагҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру навоҳии Туркманистон идома дорад.

Дар ҳоле ки ҳомиёни ҳайвонҳо ва фаъолони мадании Туркманистон аз мақомот ташкили паноҳгоҳҳо барои сагу гурбаҳои бесоҳибро талаб доранд, бахши туркмании Радиои Озодӣ аз муносибатҳои нави бераҳмона нисбат ба ҳайвонҳо дар ин кишвар хабар медиҳад.

Сокинони шаҳри Туркманободи Туркманистон дар суҳбат бо радио гуфтанд, рӯзҳои ахир дар маҳаллаи 3-ум, аз ҷумла дар кӯчаҳои Гагарин ва "Химкӣ"-и шаҳр сагҳои бесоҳибро мепаронанд.

Ба гуфтаи сокинон, ҳайвонҳои бесоҳибро асосан кормандони хадамоти коммуналии №11-и шаҳр ба қатл мерасонанд. Ҳамчунин дар шаҳр ҳолатҳои заҳролудшавии дастаҷамъонаи сагу гурбаҳо низ мушоҳида шудааст.

"Дар шаҳри Ишқобод гурбаҳои зиёдро куштанд. Ин як кори маъмулӣ шудааст", - изҳор дошт як ҳомии ҳайвонҳо аз пойтахти Туркманистон.

Бахши туркмании Радиои Озодӣ чандин навореро аз Туркманобод дастрас кардааст, ки нишон медиҳанд, чи гуна сагҳо бо як бераҳмии махсус кушта мешаванд.

Мақомоти Туркманистон ин иқдоми худро шарҳ намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG