Ссылки доступа

Девони вазирони Қирғизистон намехоҳад, раиси шаҳри Бишкекро сокинон интихоб кунанд


Девони вазирони Қирғизистон ба тарҳи қонун дар бораи интихоби мустақими шаҳрдори Бишкек посухи рад додааст. Дар ин бора рӯзи 14 март вакили порлумони Қирғизистон Жанарбек Акаев хабар дод.

Ба иттилои вакил, девони вазирон гуфтааст, ки интихоби мустақими шаҳрдори Бишкек боиси ноустуворӣ мешавад.

"Баъд аз ҳодисҳои октябрии соли 2020 то кунун дар Бишкек 8 шаҳрдор иваз шуд. Ман бар ин назарам, ки интихоботи мустақим баръакс боиси устуворӣ мешавад, зеро сокинон худ шаҳрдорро интихоб хоҳанд кард", - гуфт Акаев.

Бо ин вуҷуд, як кумитаи порлумони Қирғизистон аз тарҳи мазкур ҳимоят кардааст.

XS
SM
MD
LG