Ссылки доступа

Марги як шаҳрванди Русия дар Тошканд. Аз ошёнаи ҳафтум афтид


 Фото из Telegram-канала Генпрокуратуры Узбекистана
Фото из Telegram-канала Генпрокуратуры Узбекистана

Дар шаҳри Тошканди Узбекистон як шаҳрванди Русия аз ошёнаи ҳафтум сарозер шудааст. Дар ин бора аз маркази матбуотии Додситонии кулли Узбекистон хабар доданд.

Ба иттилои ин ниҳод, Андрей Ш., соли таваллудаш 1995 "аз тиреза худро ба замин партофта, ҳалок шудааст". Ин ҳодиса дар кӯчаи Буюк Турони ноҳияи Мирободи шаҳри Тошканд рух додааст.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ шуруъ шудааст.

Дар даҳ рӯзи охир ин дувум марги шаҳрвандони Русия дар шаҳри Тошканд аст. Пештар аз ин дар яке аз хонаҳо ҷасади рӯзноманигор Александр Нечаев, шаҳрванди 36-солаи Русияро пайдо карда буданд.

Додситонии кулли Узбекистон рӯзи 9 март хабар дод, ки Нечаев аз дарди қалб фавтидааст.

XS
SM
MD
LG