Ссылки доступа

Шабнишинии Бердимуҳаммадовҳо равуо дар Туркманбоширо маҳдуд сохт


Равуо дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон 11 март дар робита ба як шабнишинии хонаводаи президенти ин кишвар Сардор Бердимуҳаммадов дар Аваз қисман маҳдуд карда шудааст.

"Автобусҳои рақами 2 ва 18 рӯзи 11 март ба кор набаромаданд. Таксиҳои давлатӣ низ ба Аваз нарафтанд. Ба онҷо танҳо мошинҳое мерафтанд, ки рақамҳои давлатии пулис ва мақомоти қудратиро доштанд. Ҳаракати қатораҳо ба Аваз низ қатъ гардид. Қисмати ҷанубу ғарбии хиёбони Шагадамро низ бастанд", - хабар дод як сокини Туркманбошӣ.

Бозорҳои "Кенар" ва "Алтмиш"-и Туркманбошӣ низ рӯзи шанбе баста буданд ва роҳи асосии Аваз низ то нисфирӯзӣ бо гулҳо оро дода шуда буд.

Кормандони маконҳои сайёҳие, ки дар Аваз ҷойгиранд, гуфтанд, хонаводаи Бердимуҳаммадовҳо шоми 11 март дар маҷмааи "Елкен" шабнишиниеро баргузор карданд.

Расонаҳои мустақили Туркманистон қаблан хабар доданд, ки 26 феврал дар меҳмонсаройи "Аркадаг"-и шаҳри Ишқобод тӯйи домодии Каримгулӣ, набераи 21-солаи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти пешин ва раиси "Халқ маслиҳатӣ"-и он кишвар баргузор гашт. Шабнишинии ахир низ ба ин тӯй рабт доштааст.

XS
SM
MD
LG