Рӯзи 13-уми март ҳангоми ҷаласа на ҳамаи ҳайати додрасҳо ба эълони ҳукми қатл ба Сайфулло Соибов розӣ шуданд. Ба ин сабаб, ҳукми ниҳоии ӯ зиндони якумрӣ ва бидуни авф мешавад.
Сайфулло Соибов, ки вафодориашро ба гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” эълон кардааст, соли 2017 мошини хурди боркашро ба байни издиҳоми мардум равон кард ва 8 нафарро кушт.
Соибови 35-сола ҳукми худро дар зиндони Супермакси Колорадо, яке аз зиндонҳои мустаҳкамтарини Амрико адо мекунад.