Ссылки доступа

Навбатпойии тӯлонӣ барои шиносномаи хориҷӣ дар шаҳри Ишқобод


Офис Миграционной службы Туркменистана. Ашхабад (архивное фото)
Офис Миграционной службы Туркменистана. Ашхабад (архивное фото)

Пушти дари Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ишқободи Туркманистон навбатпойии тӯлонӣ барои дарёфти шиносномаи хориҷӣ мушоҳида мешавад.

Кормандони хадамот корафтодаҳоро огоҳ мекунанд, ки шиносномаи хориҷӣ давоми 40-45 рӯз омода мешавад.

Шумори касоне, ки мехоҳанд шиносномаи хориҷӣ дарёфт кунанд, пушти дари Хадамоти муҳоҷират ҳамарӯза ба садҳо кас мерасад.

Моҳи феврали соли ҷорӣ Хадамоти муҳоҷирати Туркманистон нашри шиносномаҳои хориҷиро муваққатан манъ кард. Он замон расонаҳо навиштанд, ки варақаҳои махсуси нашри шиносномаҳо дар Туркманистон тамом шудааст.

Бисёре аз сокинони Ишқобод мегӯянд, ба хотири муҳоҷирати меҳнатӣ ба Туркия ва Имороти муттаҳидаи арабӣ мехоҳанд, шиносномаи хориҷӣ дарёфт кунанд.

XS
SM
MD
LG