Ссылки доступа

Дар тарҳи нави Конститутсияи Узбекистон муҳлати президентӣ 7 сол нишон дода шудааст


Таҳрири нави Конститутсияи Узбекистон, ки аз сӯи порлумони он кишвар тасдиқ шуд, рӯзи 15 март нашр гардид.

Пештар расонаҳои Узбекистон навишта буданд, ки ба Конститутсия 27 моддаи нав шомил карда шуда, теъдоди моддаҳо аз 128 ба 155 расидааст.

Моддаи 106 таҳрири нави Конститутсияи Узбекистон муҳлати давраи президентиро аз 5 ба 7 сол тамдид кардааст. Бо ин вуҷуд, дар таҳрири нав нишон дода шудааст, ки як шахс наметавонад, бештар аз ду давра президент бошад.

Ҳамчунин моддаҳои 85-90, ки ба мавқеи Қарақалпоқистон рабт доранд, бидуни тағйир боқӣ мондаанд. Моҳи июли соли гузашта, вақте хостанд, калимаи "соҳибихтиёрӣ"-ро аз моддаи марбут ба вазъи Қарақалпоқистон бигиранд, дар шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон эътирозҳои мардумӣ сар зад, ки ба бетартибиҳои оммавӣ печид.

Раъйпурсии умумӣ барои қабули Конститутсияи нав дар Узбекистон рӯзи 30 апрел таъйин шудааст.

XS
SM
MD
LG