Ссылки доступа

Як сарпизишкро дар Қирғизистон бо гумони фасодкорӣ боздошт карданд


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон нисбати сарпизишки Бемористони миллии назди Вазорати тандурустии он кишвар Токтобой Маанаев парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ба иттилои ин ниҳод, дар рафтори Маанаев фасодкорӣ ошкор шудааст.

Мақомоти амниятии Қирғизистон гуфтанд, бештар аз 20 ҳолати ҷамъоварии маблағро аз кормандони Бемористони миллӣ сабт кардаанд.

"Ҳолати дигари рафтори вай даромадҳои ғайриқонунӣ ва баргузор кардани харидҳои давлатӣ аст. Тафтиши молӣ ошкор кард, ки сарпизишк дастгоҳҳову доруҳои заруриро бо қимати чанд баробар гаронтар аз нархи воқеӣ харидорӣ кардааст", - хабар доданд мақомоти амниятии Қирғизистон.

Маанаев моҳи августи соли 2020 сарпизишки Бемористони миллӣ таъйин шуда буд.

XS
SM
MD
LG