Ссылки доступа

Узбекистон шомили Шохиси ҳампаймонони геополитикии Русия шуд


Маҷаллаи бритониёии The Economist Шохиси ҳампаймонони геополитикии Русияро тартиб дод. Узбекистон дар ин шохис дар мақоми 12-ум қарор дорад.

Маълумоте, ки маҷалла аз амалҳои дипломатӣ, низомӣ ва иқтисодии кишварҳои мухталиф ҷамъ овардааст, "баёнгари возеҳи воқеият нестанд". Ин шохисро маҷаллаи The Economist ҳамчунин Шохиси дӯстони Путин ном мондааст.

Дар шохис омадааст, ки Узбекистон зидди Русия раъй надод, ҳамзамон аз қатъномаҳои калидии СММ ҷонибдорӣ накард, ба Русия аслиҳа нафиристод, узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ нест, дар ҳудуди ин кишвар пойгоҳи низоми Русия ҷойгир нест, шуруъ аз соли 2022 размоишҳои муштарак баргузор накардааст.

Ба иттилои The Economist, Узбекистон аз гази Русия вобастагӣ надорад, вале ин кишвар ҳаҷми содиротро ба Русия бештар кардааст.

Нисфе аз кишварҳое, ки дар ин шохис дар мақомҳои баландтарин ҷо гирифтаанд, амсоли Арманистон, Белорус, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон аз ҷиҳати сиёсӣ, таърихӣ ва ҷуғрофӣ бо Русия робита доранд.

XS
SM
MD
LG