Ссылки доступа

Буҷавиҳои Туркманистонро маҷбур мекунанд, ки дар мавсими камодам истироҳатгоҳҳоро пур кунанд


Аваза
Аваза

Дар мавсими нисбатан сард буҷавиҳои Туркманистонро маҷбур мекунанд, ба минтақаи истироҳатии "Аваза" ба истироҳат раванд.

"Дар минтақаи сайёҳии "Аваза" дар соҳили баҳри Каспий меҳмонхонаҳои махсусе мавҷуд аст, ки ба вилоятҳои алоҳидаи Туркманистон рабт доранд. Нигаҳдории меҳмонхонаҳо бар дӯши вилоятҳо аст. Давоми сол мақомоти минтақавӣ кормандони соҳаҳои буҷавиро маҷбур мекунанд, ки барои як ҳафта ба меҳмонхонаҳои Аваза ба истироҳат раванд", - гуфт як манбаъ дар Туркманистон.

Ба иттилои ин манбаъ, харҷи истироҳати якҳафтаина наздики 200 долларро ташкил медиҳад.

Ба иттилои ин манбаъ, роҳбарияти минтақаҳо рӯйхати кормандонеро тартиб медиҳанд, ки бояд бо навбат барои истироҳат ба минтақаи "Аваза" раванд.

XS
SM
MD
LG