Ссылки доступа

Жанмурат Аштаев - фаъоли қазоқистониро аз зиндон озод карданд


Жанмурат Аштаев, як фаъоли шаҳрвандӣ дар Қазоқистон рӯзи 16 март аз зиндон озод шуд. Ӯро бо айби "иштирок дар бетартибиҳо"-и ҳодисаҳои январии соли 2022 зиндонӣ карда буданд. Ин фаъоли шаҳрвандӣ рӯзи 14 март аз сӯи Додгоҳи олии Қазоқистон комилан сафед карда шуд.

Аштаев баъд аз раҳо шудан гуфт, фаъолияташро қатъ мекунад.

"Вақте дар зиндон ҳастӣ, ба қадри озодӣ мерасӣ. Мутаассифам, ки бе гуноҳ зиндонӣ шудам, тафтишот тӯлонӣ шуд, дар канори фарзандонам набудам. Фаъол буданамро қатъ мекунам. Ин озодӣ бо роҳи душвор ба даст омад. Барои ман озодӣ ва имкони ҳамроҳ бо фарзандонам будан арзиш дорад. Ман аз ҳомиёни ҳуқуқ, аз ҷомеа миннатдорам, ки замони дар зиндон буданам ба хонаводаи ман кӯмак расониданд", - гуфт Аштаев баъди берун шудан аз зиндон.

Аштаевро моҳи январи соли 2022 боздошт ва зиндонӣ карда буданд. Ҳомиёни ҳуқуқ ӯро дар "Рӯйхати зиндониёни сиёсии Қазоқистон" шомил карда буданд.

Додгоҳ Аштаевро моҳи июли соли 2022 се солу як моҳ аз озодӣ маҳрум кард. Вай айби дар додгоҳ эъломшударо рад карда буд.

Моҳи январи соли ҷорӣ Додгоҳи олии Қазоқистон қарор баровард, ки ҳукми Аштаев бозбинӣ шавад. Дар натиҷа ӯро 14 март комилан бегуноҳ эълом ва аз зиндон озод карданд.

Додгоҳ ҳамчунин гуфт, ки Аштаев метавонад, даъвои ҷуброн кунад.

XS
SM
MD
LG