Ссылки доступа

Мирзиёев аз шаҳрвандони Туркия даъват кард, дар интихобот ба Эрдуғон раъй диҳанд


Президенты Шавкат Мирзияев и Реджеп Тайип Эрдоган в Анкаре. Архивное фото.
Президенты Шавкат Мирзияев и Реджеп Тайип Эрдоган в Анкаре. Архивное фото.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз шаҳрвандони Туркия даъват кард, ки дар интихоботи ду моҳ баъд аз номзадии президенти амалкунандаи Туркия Раҷаб Эрдуғон "комилан ҳимоят кунанд".

Ин даъвати Мирзиёев дар саммити ғайринавбатии Созмони давлатҳои туркӣ садо дод. Саммит рӯзи 16 март дар шаҳри Анкараи Туркия баргузор шуд.

"Аз номи ҳамаи мардумони бародар аз мардуми турк даъват мекунам, ки аз номзадии муҳтарам Раҷаб Эрдуғон дар интихоботи пешорӯ ҳимоят кунанд", - гуфт президенти Узбекистон.

Ин даъвати Мирзиёев дар ҳолест, ки дар Узбекистон омодагӣ ба раъйпурсӣ барои Конститутсияи нав идома дорад. Бо қабули Конститутсияи нав муҳлати президентии Мирзиёев тамдид карда хоҳад шуд.

Интизор меравад, ки раъйпурсии рӯзи 30 апрел ду давраи президентии Мирзиёевро ба "сифр" баробар мекунад ва вай метавонад, ду давраи дигар сари қудрат боқӣ монад.

Сарфи назар аз он ки саммити рӯзи 16 март дар Анкара ба мавзуи офатҳои табиӣ ва кӯмакҳои башардӯстона бахшида шуда буд, бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ин чорабинӣ асосан барои ҳимоят аз Эрдуғон ташкил шудааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, уфти қурби лираи туркӣ дар солҳои охир ва оқибати заминларзаи харобиовари моҳи феврали соли ҷорӣ ба нуфузи Эрдуғон зарбаи сахт задааст.

Интихоботи навбатии президентӣ дар Туркия рӯзи 14 май дар назар аст. Рақиби асосии Эрдуғон Камол Киличдароғлу унвон мешавад.

XS
SM
MD
LG