Ссылки доступа

Ҷонибдорони маҳбусони "Парвандаи Кампиробод" дар Қирғизистон гирдиҳамоӣ карданд


Kyrgyzstan - Kempir-Abad, protest action, Rally, Bishkek, March 17, 2023
Kyrgyzstan - Kempir-Abad, protest action, Rally, Bishkek, March 17, 2023

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 17 март ҷонибдорони боздоштшудагони "Парвандаи Кампиробод" гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил карданд.

Эътирозгарон аз мақомот талаб карданд, ки боздоштшудаҳои парвандаи маъруф ба Кампирободро раҳо ва фишор ба озодии баёнро қатъ кунанд.

Пештар аз ин, рӯзи 14 март дар шаҳри Таласи Қирғизистон низ чунин як гирдиҳамоӣ баргузор шуд. Дар Талас низ раҳоии боздоштшудаҳоро талаб карданд.

Рӯзи 22 октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд. Рӯзи 23 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти аъзои кумита шуруъ шуд ва дар маҷмуъ 26 тан аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 17 декабр дар мусоҳиба бо нашрияи давлатии "Кабар" дар шарҳи “қазияи Кампиробод” изҳор дошт, ки “беш аз 90 дарсади онҳое, ки имрӯз дар ҳабс ҳастанд, борҳо дар баҳсҳои пӯшидаи масъалаи марз ширкат кардаанд ва бояд бидонанд, ки масъалаи Кампиробод ба нафъи Қирғизистон ҳал шудааст”. Ба гуфтаи президент, боздоштшудаҳо "мардумро ба шӯр” оварда, талош кардаанд, ки "табадулоти давлатӣ" ташкил кунанд.

XS
SM
MD
LG