Ссылки доступа

Бердимуҳаммадов гуфт, Туркманистон узви Созмони давлатҳои туркӣ мешавад


Раиси порлумони Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар саммити ғайринавбатии Созмони давлатҳои туркӣ дар шаҳри Анкараи Туркия рӯзи 16 март гуфт, ки Туркманистон ба зудӣ узви ин созмон хоҳад шуд.

Бердимуҳаммадов ҳамчунин пешниҳод кард, номзадии президенти Туркия ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ шавад.

Бердимуҳаммадов афзуд, бо Эрдуғон 22 сол аст, ки ошноӣ дорад ва ба бовари вай, Эрдуғон шахсияти дурахшон ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонист, ки на танҳои барои мардуми худ, балки барои мардуми масалмон корҳои бузурге анҷом медиҳад.

Ба иттилои расонаҳои Туркманистон, шуруъ аз солҳои 2000-ум ширкатҳои туркӣ бештар аз 110 миллиард доллар дар иқтисоди Туркманистон сармоягузорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG