Ссылки доступа

Манъи содироти консентрати тило аз Қирғизистон ба таъхир афтод


Иҷрои фармони раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов дар бораи манъи содироти консентрати тилло ба таъхир афтод.

Дар Иттифоқи касабаи куҳӣ – металлургии Қирғизистон гуфтанд, дар сурати ба иҷро даромадани ин фармон дар моҳи майи имсол раванди истеҳсолот дар корхонаҳои истихроҷи маъдан қатъ хоҳад шуд.

Муовини раиси иттифоқ Алмосбек Жакипов изҳор дошт, ки дар ҳол иҷро кардани ин фармон номумкин аст. “Агар шумо муҳлат надиҳед, ки онро иҷро мекунад? Агар консентратро ба хориҷ набаранд, истихроҷ қатъ мешавад. Корхонаҳо бояд сӯзишворӣ харидорӣ карда, маоши кормандонро низ пардозанд. Агар онҳо нафурӯшанд, пул аз куҷо пайдо мекунанд? Ин суолҳое ҳастанд, ки раҳбарони ширкатҳо ва кормандон аз мо мепурсанд”, - афзуд ӯ.

Ҷабборов соли 2020, ки сарвазири Қирғизистон буд, дар суҳбат бо сокинони ноҳияи Ала-Букин гуфт, содироти консентрати маъданҳои кишварашро ба хориҷ манъ мекунад.

Вале ӯ моҳи октябри соли гузашта бо имзои як фармони дигар муҳлати иҷрои фармони қаблияшро дар бораи манъи содироти консентрат ба таъхир гузошт.

XS
SM
MD
LG