Ссылки доступа

Боздошти фаъолони қазоқ дар арафаи тазоҳуроти мухолифон


Бархе аз фаъолони мадании Қазоқистон дар пасманзари эъломи баргузории тазоҳурот зидди натиҷаҳои интихоботи порлумонии он кишвар дар шаҳри Остона боздошт шуданд.

Канали “ NotExtremists” дар паёмакрасони Телеграм иттилоъ додааст, ки фаъоли мадании қазоқ Амонкелдӣ Ҷахин, ки мақомот номзадияшро дар интихобот сабт накарданд, аз сӯи афроди ниқобпӯш дастгир шудааст.

Ҷахин рӯзи якшанбе дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук эълом кард, ки ба самти маҳалли баргузории тазоҳурот, муҷассамаи Кенесарӣ-хон дар Остона равон аст. Ба гуфтаи ӯ, мақомот ба дархости вай дар бораи баргузор кардани тазоҳурот бо талаби қатъи "интихоботи ғайриқонунӣ" ҷавоби рад додаанд. Ӯро баъди чанд дақиқа аз нашри ин навиштааш дастгир карданд.

Бино ба хабарҳо, фаъоли дигар Марат Мусобоев ҳам боздошт шудааст. Дар наворе, ки дар Интернет нашр шуд, дида мешавад маъмурони пулис ба самти Мусобоев медаванд. Ӯ ҳам рӯзи якшанбе хабар дода буд, ки дар маҳалли баргуории тазоҳурот қарор дорад.

Фаъоли мадании қазоқ ва узви гуруҳҳи ташаббускори таъсиси ҳизби мухолифи "Алга, Казахстан!" ҳам қаблан гуфта буд, ки таъқиб мешавад.

Интихоботи пеш аз муҳлати порлумонии Қазоқистон 19 март баргузор шуд ва дар он танҳо номзадҳои ҳизбҳои сиёсии ҷонибдори ҳукумати он кишвар тавонистанд иштирок кунанд.

XS
SM
MD
LG