Ссылки доступа

Ҳизби ҳокими Қазоқистон дар интихоботи порлумонӣ пешсаф аст


Ҳизби ҳокими “Амонат”-и Қазоқистон, ки президент Қосимҷомарт Тоқаевро ҷонибдорӣ мекунад, дар интихоботи порлумонии ин кишвар пешсаф аст.

Бар асоси назарпурсии Институти ҳамгироии авруосиёӣ, ин ҳизб беш аз 53 дарсади овозҳоро соҳиб хоҳад шуд. Дар баробари “Амонат” панҷ ҳизби сиёсии дигари Қазоқистон, ки Тоқаевро интиқод намекунанд, вориди порлумони он кишвар хоҳанд шуд. Натиҷаи интихобот расман дертар эълом карда мешавад.

Бино ба хабарҳо, дар интихоботи порлумонии Қазоқистон, ки 19 март баргузор шуд, ҳудуди 54 дарсади афроди қобили раъй иштирок кардаанд. Дар бузургтарин шаҳри Қазоқистон – Алмато танҳо чаҳоряки раъйдиҳандагон овоз додаанд.

Ҳизби ҳоқими Қазоқистон қаблан “Нур Отан” ном дошт ва онро президенти пешини он кишвар Нурсултон Назарбоев таъсис дода буд. Баъди ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон, ки Назарбоев нуфузи худро аз даст дод, номи ин ҳизб ба “Амонат” иваз карда шуд ва Тоқаев саффи онро тарк кард. Вале он бо вуҷуд аз президенти Қазоқистон ҷонибдорӣ мекунад.

"Амонат" дар интихоботи порлумонии Қазоқистон 119 номзад - 90 кас аз рӯйхати ҳизбӣ ва 29 каси дигар тариқи ҳавзаҳои якмандатӣ пешниҳод кардааст.

Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қазоқистон дар ин интихобот ҳамаи ҳафт ҳизби сиёсии расмии он кишвар иштирок карданд.

XS
SM
MD
LG