Ссылки доступа

Эмомалӣ Раҳмон ба Амрико рафт


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 20-уми март барои иштирок дар Конфронси оби СММ ба Ню-Йорк сафар кард.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёварони президент оид ба масоили робитаҳои хориҷӣ ва кадрӣ, вазири энержӣ, раисони кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва ҳифзи муҳити зист ҳамроҳӣ мекунанд.

Дафтари матбуоти Президент ба Радиои Озодӣ гуфт, сафари оқои Раҳмон ба ИМА аз 20 то 24 март идома мекунад. Нишасти об бо ҳамраисии Тоҷикистон ва Ҳолланд баргузор мешавад. Ҷузъиёти бештари сафари раиси ҷумҳур маълум нест. Рӯшан нест, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҷуз иштирок дар ҳамоиш бо намояндагони кишварҳои дигар мулоқот хоҳад кард ё не.

Мухолифини ҳукумат дар Аврупо мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафараш аз Олмон ва Бритониё ҳам дидан хоҳад кард. Мақомот инро расман тасдиқ намекунанд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои минтақа аст, ки дар масъалаи вобаста ба об ба Созмони Миллал пешниҳодҳои зиёде ироа кардааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша бо ифтихор мегӯянд, бо пешниҳоди Тоҷикистон Созмони Милал чандин қатъномаи вобаста ба обро қабул кардааст. Аммо мунтақидон мегӯянд, дар дохили Тоҷикистон то ҳанӯз як қисми аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ надоранд.

XS
SM
MD
LG