Ссылки доступа

Ҷабборов аз қирғизистониҳо хост, "ба қадри сулҳу субот расанд"


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 21 март сокинони ин кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик гуфт. Чорабиниҳои идона бо иштироки Ҷабборов дар майдони "Ала-Тоо"-и шаҳри Бишкек баргузор шуданд.

Президенти Қирғизистон дар суханронии худ қайд кард, ки соли гузашта Иди Наврӯзро дар вилояти Бодканд ҷашн гирифтанд ва вай ваъда дод, ки таъйин ва аломатгузории хатти марз бо Тоҷикистонро то ба охир мерасонад.

Вай аз қирғизистониҳо даъват кард, ки дар пасманзари ҳаводиси ҷорӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла задухӯрдҳои низомӣ сулҳу субот дар ҷомеаи кишварашро ҳифз кунанд.

"Дар пасманзари рӯйдодҳои ҷаҳон мо бояд аҳамияти таъмини сулҳ, зиндагии осоишта ва пойдории дӯстӣ дар кишвари сермиллати худро дарк кунем", - гуфт Ҷабборов.

XS
SM
MD
LG