Ссылки доступа

Заминларзаи шашбалӣ вилоятҳои Узбекистонро такон дод


Заминларзаи сахт шоми 21-уми март, соати 21:48 ба вақти маҳаллӣ, Узбекистонро такон дод.

Тибқи иттилои Маркази зилзилашиносии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон, маркази заминларза дар Афғонистон буда, шиддати он 6,6 балро ташкил додааст.

Манбаъ афзудааст, ки шиддати заминларза дар вилоятҳои Узбекистон гуногун, аз 4 то 6 балро ташкил додааст. Қувваи заминларза дар шаҳри Тошканд 5 бал будааст.

Баъзе аз созмонҳои зилзиланигории ҷаҳон гуфтанд, маркази заминҷунбӣ дар Ҷурми Афғонистон, вилояти Бадахшон, буда, шиддаташ дар онҷо ба беш аз 6 дараҷа мерасид.

XS
SM
MD
LG