Ба иттилои хабарнигорон, ин хонавода русзабон будааст. Хонаводаи мазкурро, ки аз зану шавҳар ва кӯдаки 11-солаи онҳо иборат буд, дар манзили шахсиашон куштаанд.
Гумонбарон мардони соли таваллудашон 1996 ва 1998 будаанд.
Ҳамсояҳои кушташудаҳо гуфтанд, дар шаби ҳодиса сару садоҳоро шунида, аммо пулисро даъват накардаанд.
Расонаҳо менависанд, чанде пеш аз сурат гирифтани ин ҳодиса, ду гумонбар дар манзили кушташудаҳо таъмир анҷом дода буданд.
Гумонбарон аз манзили кушташудаҳо телефон ва дигар ашёи гаронбаҳоро ғорат кардаанд.