Ссылки доступа

Анъанаи "Ман-Рамазон" дар Туркманистон ба гадоӣ табдил шудааст


По туркменским обычаям за три дня до месяца Рамадан дети ходят по соседским домам, распевая песенку «Я-ремазан», в знак возвещения о наступлении священного для мусульман месяца
По туркменским обычаям за три дня до месяца Рамадан дети ходят по соседским домам, распевая песенку «Я-ремазан», в знак возвещения о наступлении священного для мусульман месяца

Дар остонаи моҳи Рамазон дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон кӯдакони зиёде ба дари хонаҳо мераванд ва шеъри "Ман-Рамазон"-ро месароянд.

Ин як анъанаи мазҳабист, ки аз омадани моҳи Рамазон дарак медиҳад, аммо дар солҳои охир он дар Туркманистон ба василаи гадоӣ табдил шудааст.

"Соли ҷорӣ, ба фарқ аз солҳои пешин, кӯдакон ба дари хонаҳо намераванд. Акнун суруди "Ман-Рамазон"-ро рӯзона назди бозорҳо, марказҳои тиҷорӣ, вокзали роҳи оҳан ва меҳмонхона месароянд. Даҳҳо кӯдак дар кӯчаҳо ин сурудро мехонанд ва аз роҳгузарон пул талаб мекунанд", - хабар медиҳанд сокинони Туркманбошӣ.

Дар Туркманистон се рӯз пеш аз моҳи Рамазон сароидани ин суруд шуруъ мешавад. Кӯдакон ба дари хонаи ҳамсояҳо мераванд ва суруди "Ман-Рамазон"-ро месароянд. Ҳамсояҳо дар посухи ин мужда ба кӯдакон ҳадяе медиҳанд.

"Барои даромад ҳосил карданд соли ҷорӣ кӯдакон 18 март, яъне 5 рӯз пеш аз расидан Рамазон ин анъанаро шуруъ карданд", - хабар медиҳанд сокинон.

XS
SM
MD
LG