Ссылки доступа

Ирис Жекшеналиев - фаъоли қирғизистониро дар ҳабси хонагӣ боқӣ монданд


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 22 март муҳлати ҳабси пешакии фаъоли шаҳрвандӣ Ирис Жекшеналиевро тамдид кард.

Нурбек Сидиқов, вакили мудофеи Жекшеналиев гуфт, вай то 25 майи соли ҷорӣ дар ҳабс мемонад.

"Додгоҳ бо дархости ҷониби айбдоркунанда муҳлати ҳабси хонагии Ирис Жекшеналиевро тамдид кард. Мо ҳамаи шоҳидонро пурсидем. Дирӯз коршиносоне ҳам пурсида шуданд, ки аз ҷиҳати сиёсиву забоншиносӣ хулоса дода буданд. Онҷо ҳолати зидду нақиз ҳаст. Дар сурати одилона баррасӣ шудани парванда додгоҳ бояд Жекшеналиевро озод кунад", - гуфт Сидиқов.

Вазорати умури дохилии Қирғизистон рӯзи 15 августи соли 2022 хабар дод, ки мудири саҳифаи фейсбукии "Полит Узник" бозпурсӣ ва боздошт шудааст. "Бозпурсӣ ба матлабҳое рабт дорад, ки дар саҳифаи "Полит Узник" дар Фейсбук нашр шудаанд. Тавассути ин матлабҳо бо мақсади фиреб додани мардум маълумоти дурӯғ паҳн карда мешавад", - омадааст дар баёнияи вазорат. Аммо вазорат дақиқ зикр накард, ки сухан дар бораи кадом матлабҳо меравад.

Ирис Жекшеналиев 14 август боздошт шуда буд. Пештар ӯ дар саҳифаи "Полит Узник" изҳороти ду сол пеши раиси пешини Кумитаи амнияти миллии ин кишвар Абдил Сеғизбоев дар робита ба кони ҷанҷолбарангези "Жетим-Тоо" нашр шуда буд.

XS
SM
MD
LG