Ссылки доступа

Ҷопон барои таъмири роҳҳои Бодканди Қирғизистон $5 млн кӯмак мерасонад


Ҳукумати Ҷопон барои сохтани роҳҳои ба офатҳои табиӣ тобовар дар вилояти Бодканди Қирғизистон 5 млн доллар кӯмак мекунад. Дар ин бора дар вазорати молияи Қирғизистон хабар доданд.

Дар вазорати мазкур маросими имзои созишнома баргузор гардид. Созишномаро вазири молияи Қирғизистон Алмаз Бакетаев ва сафири Ҷопон дар он кишвар Хидеки Года имзо карданд.

"Ҳадафи асосӣ - таъмини ҳамлу нақли бехатар дар минтақаи Осиёи Марказӣ тавассути сохтани роҳҳо аст", - хабар додааст вазорати молияи Қирғизистон.

Ин бори аввал нест, ки Ҷопон барои вилояти Бодканд кӯмак мерасонад. Моҳи октябри соли 2022 Ҷопон 1 млн доллар ба ин вилоят кӯмак расонида буд.

XS
SM
MD
LG