Ссылки доступа

Узбекистон аз рӯйхати кишварҳое уфтод, ки терроризм ба онҳо таҳдид намекунад


Дар гузориши нави Global Terrorism Index 2023, ки аз сӯи Донишгоҳи иқтисод ва сулҳ дар Сидней нашр шуд, Узбекистон ҳамчун кишваре баҳо дода шудааст, ки хатари терроризм дар онҳо дида мешавад.

Узбекистон миёни 163 кишвар дар рӯйхати хатари террористӣ дар мақоми 70 қарор дорад. Дар гузориши хатари терроризм дар ҷаҳон аз сӯи коршиносон аз 0 то 10 хол баҳо дода мешавад. Хатари терроризм дар Узбекистон 1,731 хол гирифтааст.

То ин замон Узбекистон солҳои тӯлонӣ дар рӯйхати кишварҳое буд, ки хатари терроризм дар онҳо дар сатҳи сифр буд.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон (мақоми 50) бадтар аз Узбекистон баҳо дода шудааст. Дар ин гузориш Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамчун кишварҳое баҳо дода шудаанд, ки хатари терроризм дар онҳо ба сифр баробар аст.

Дар рӯйхати мазкур аз ҷиҳати ҳузури хатари терроризм Афғонистон дар мақоми аввал қарор дорад. Буркина-Фасо (Африқои Ғарбӣ) мақоми 2 ва Сомалӣ мақоми 3-ро гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG