Ссылки доступа

Нозирони интихобот дар Қазоқистон ба додгоҳ шикоят мебаранд


 Представители организации «Независимые наблюдатели» на пресс-конференции по итогам выборов депутатов. 24 марта 2023 года
Представители организации «Независимые наблюдатели» на пресс-конференции по итогам выборов депутатов. 24 марта 2023 года

Нозирони эътилофи ҷамъиятии "Нозирони мустақил", ки дар интихоботи ахири порлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ иштирок доштанд, рӯзи 24 март дар шаҳри Алмато нишасти хабарӣ баргузор карданд.

Дар ин нишаст нозирон аз қонуншиканиҳо дар ҷараёни интихобот хабар доданд, ки ба гуфтаи онҳо, бештари қонуншиканиҳо марбут ба монеъ шудан ба фаъолияти нозирон ва баргаҳои аз пеш имзошуда рабт доштааст.

Қонуншиканҳои дигар марбут ба таъхир дар додани санадҳо ба нозирон будааст.

"Нозирони мустақил" гуфтанд, барои шикоят бурдан ба додгоҳ омода мешаванд. Онҳо давоми рӯзи 24 март якбора панҷ шикоят ба додгоҳ хоҳанд бурд.

Нозирони ин эътилоф дар шаҳри Алмато дар 102 минтақаи раъйдиҳӣ иштирок доштанд. Ин дар ҳолест, ки дар шаҳри Алмато бештар аз 600 қитъаи раъйдиҳӣ мавҷуд аст.

Интихоботи ғайринавбатии порлумонӣ дар Қазоқистон рӯзи 19 март баргузор шуд. Рӯзи душанбе натиҷаҳои пешакии интихобот нашр гардид, ки бино ба он, бисёре аз курсиҳоро ҳизби ҳокими "Амонат" соҳиб шудааст.

Нозирои маъмурияти Бюрои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА низ аз қонуншиканиҳо дар рафти шумориши овозҳо хабар доданд.

XS
SM
MD
LG