Ссылки доступа

Шавкат Умурзоқов - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Тошканд таъйин шуд


Шавкат Умурзоқови 44-сола иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Тошканди Узбекистон таъйин шуд.

Умурзоқов аз соли 2018 то кунун раиси ширкати "Узавтосаноат" буд. Пештар вай дар низоми додситонии Узбекистон фаъолият дошт.

16 январи соли ҷорӣ президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев, раиси пешини шаҳри Тошкандро ба истеъфо фиристод. Ортиқхоҷаев аз соли 2018 раиси Тошканд буд. Ортиқхоҷаевро дар омодагӣ надидан ба зимистон муттаҳам ва аз вазифа сабукдӯш карданд.

XS
SM
MD
LG