Ссылки доступа

Фаъоли қазоқистонӣ баъди эътироз алайҳи "интихоботи ноодилона" дастгир шуд


Фаъоли "Oyan, Qazaqstan" Влада Ермолчева 26 март баъди баргузор кардани эътироз "зидди интихоботи ноодилона" дар шаҳри Алматои Қазоқистон дастгир шуд. Вай шиор мепартофт, ки "интихобро аз мо дуздиданд".

Ермолчева дар ҷараёни эътироз пуфакҳоеро кафонд, ки дар онҳо “демократия”, “Конститутсия”, “ҳуқуқи интихоботӣ” ва “Oyan, Qazaqstan” навишта шуда буд.

Ин эътироз панҷ дақиқа идома кард. Ба назди Ермолчева марде бо либоси мулкӣ рафта, гуфт, иқдомаш ғайриқонунӣ аст ва сипас ӯро дастгир карда, ба идораи пулис бурданд.

Фаъоли маданиро баъди як соат озод карданд. Ба гуфтаи Ермолчева, зидди ӯ бо банди "Нақзи тартиби баргузории ҷамъомадҳои осоишта" санад тартиб ва ба додгоҳ ирсол шудааст. Ин банд ҷарима ё то 10 шабонарӯз ҳабси маъмуриро пешбинӣ мекунад.

Дар Қазоқистон 19 март интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ баргузор шуд. Номзадҳои мухолиф ба он роҳ наёфтанд. Аксари курсиҳои порлумонро ҳизби ҳоким соҳиб гашт.

XS
SM
MD
LG