Ссылки доступа

Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи порлумонии Қазоқистонро эълом карданд


 Окончательные итоги выборов в мажилис парламента-2023. Скрин с видео заседания Центральной избирательной комиссии
Окончательные итоги выборов в мажилис парламента-2023. Скрин с видео заседания Центральной избирательной комиссии

Комисияи марказии интихоботии Қазоқистон рӯзи 27 март натиҷаҳои ниҳоии интихоботи порлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллиро эълом кард. Ҳизби ҳокими "Амонат" аз 98 курсии порлумон бештар аз 60 курсиро соҳиб шудааст.

Ба ин тартиб, 6 ҳизби сиёсӣ шомили порлумон шудааст. Ҳизби "Амонат" 53,9 дарсади овозҳо, ҳизби "Ауил" 10,9 дарсад, ҳизби "Respublica" 8,59 дарсад, "Оқ жол" 8,41 дарсад, НПК 6,8 дарсад ва ҳизби мухолифи ОСДП 5,2 дарсад раъй гирифтааст.

Теъдоди баргаҳои зидди ҳама 3,9 дарсадро ташкил додааст. Ҳизби "Байтак" бо дарёфти 2,3 дарсади раъй ба порлумон роҳ наёфтааст.

Ҳамчунин аз 29 ҳавзаи якмандата дар 23 ҳавза номзадҳои ҳизби ҳокими "Амонат" пирӯз шудаанд. Ҳизби мазкур ҳамзамон бештари курсиҳои маҷлисҳои маҳаллиро соҳиб шудааст.

Интихоботи порлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар Қазоқистон рӯзи 19 март баргузор шуд. Нозирон ва номзадҳои мустақил аз қонуншиканиҳои зиёд хабар доданд.

Нозирони байналхалқӣ низ аз қонуншиканиҳо ва ношаффофиҳо хабар доданд.

Мақомоти Қазоқистон интихоботро "озду шаффоф" унвон карданд. Додситонии кулли он кишвар гуфт, "қонуншиканиҳои ҷиддӣ сурат нагирифтааст".

XS
SM
MD
LG