Ссылки доступа

Гумонбарони "парвандаи Кампиробод" хостори таъсиси шӯрои мустақил шуданд


Сиёсатмадорон ва фаъолони боздоштшуда дар доираи "парвандаи Кампиробод" аз ваколатдори ҳуқуқи инсон ва Маркази миллии пешгирӣ аз шиканҷа дар Қирғизистон дархост кардаанд, ки дар робита ба қазияи онҳо як шӯрои мустақил таъсис дода шавад.

Гумонбарон дар муроҷиатномаи худ ба ин ду ниҳод гуфтаанд, ки мақомоти Қирғизистон онҳоро аз хадамоти тиббӣ ғайриқонунӣ маҳрум кардаанд.

"Гулнора Ҷурабоев, Таалайбек Мадаминов, Чингиз Капаров ва Илгиз Шаменовро бо вуҷуди тавсияи табибон аз боздоштгоҳ раҳо намекунанд. Мамбетжунус Абилов ва Клара Сооронкуловаро баъди ҷароҳӣ дубора ба боздоштгоҳ бурданд. Дар ҳоле ки онҳо бояд дар беморхона мемонданд. Ба назари мо, ин кор бо фармони мақомот сурат гирифтааст", - омадааст дар муроҷиатнома.

Рӯзи 22 октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд. Рӯзи 23 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти аъзои кумита шуруъ шуд ва дар маҷмуъ 26 тан аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 17 декабр дар мусоҳиба бо нашрияи давлатии "Кабар" дар шарҳи “қазияи Кампиробод” изҳор дошт, ки “беш аз 90 дарсади онҳое, ки имрӯз дар ҳабс ҳастанд, борҳо дар баҳсҳои пӯшидаи масъалаи марз ширкат кардаанд ва бояд бидонанд, ки масъалаи Кампиробод ба нафъи Қирғизистон ҳал шудааст”. Ба гуфтаи президент, боздоштшудаҳо "мардумро ба шӯр” оварда, талош кардаанд, ки "табадулоти давлатӣ" ташкил кунанд.

XS
SM
MD
LG