Ссылки доступа

Додситонии кул тобоварии сохтмонҳо ба зилзиларо месанҷад


Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз додситонии кулл хостааст, ки тобоварии сохтмони манзилҳои зист ба заминларзаҳои эҳтимолиро таҳқиқ кунад.

Дар қарори Маҷлиси миллӣ, ки пас аз ҳисоботи додситони кулл ба ин маҷлис рӯзи 17-уми март содир шудааст, гуфта мешавад, ки бо дарназардошти заминларзаҳои харобиовар дар минтақа додситонӣ бояд меъёрҳои шаҳрсозӣ ва “сифати кору масолеҳи сохтмонӣ”-ро сахттар назорат кунад.

Додситонӣ як ниҳодест, ки риояи қонунҳоро дар кишвар назорат мекунад. Ин тасмим дар ҳолест, ки дар як ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон ду маротиба замин такон хурд ва даҳҳо манзили зисти сокинон хароб шуд.

Мақомот як сабаби аслии тахриб ва ё қисман вайрон шудани хонаву биноҳои истиқоматӣ дар Тоҷикистонро риоя нашудани қоидаҳои сохтмонӣ ва бетаҳкурсӣ бунёд гардидани манзилҳои истиқоматӣ медонанд.

Рӯзи 23-юми феврал Тоҷикистонро зилзилае бо шиддати 5-6 дарҷаи рихтер таккон дод. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 27-уми март ҳаҷми зарари расида ба сокинон дар минтақаҳои кишварро эълон кард.

Ба иттилои ин ниҳод, дар пайи зилзила дар Кӯҳистони Мастчоҳ 318 хона зарар дидааст. Танҳо дар деҳаи Палдораки ноҳия 165 хона осеб дида, 4 хона пурра тахриб шудааст. Ҳамчунин хонаҳои сокинони деҳоти Ярм, Пакшиф, Деҳманор, Дашти миёна, Роғ, Самҷон ва ҷамоати Лангар ҳам зарар дида 18 сар чорвои калон ва 27 сар моли майда ба ҳалокат расидааст. Зилзила дар ноҳияи Рашт ба 32 ва дар Нуробод ба 17 хоҷагӣ “зарари сабук” расонидааст.

Комиссияи ҳолатҳои фақулода тайи се рӯз паёмадҳои зилзиларо таҳқиқ карда, ба ин хулоса омадааст, ки яке аз сабабҳои асосии вайрон шудани манзилҳои сокинон сохтмони нодурусти хонаҳо аст.

Ба иттилои масъулин, хонаҳои осебдида “бетаҳкурсӣ бунёд шуда”, ҳангоми сохтмон чораҳои зидди зилзилавӣ ба назар гирифта нашудаанд.

Мақомот мегӯянд, сокинон дар вилояти Суғд ба зарардидаҳои Кӯҳистони Мастчоҳ садҳо тон масолеҳи сохтмонӣ ва маводи ғизоӣ кӯмак кардаанд. Барои сокиноне, ки акнун хонаҳояшон вайрону садамавӣ шудааст, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода 79 хайма додааст.

Мақомот ҳамзамон таъкид кардаанд, ки ҳисобу китоби ҳаҷми зарари расида ба сокинон ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст ва баъди анҷоми кори комиссияҳо маблағи дақиқи хисорот аз заминларза эълон мешавад.

Сокинон аз деҳаҳои зарардида бо ирсоли навору аксҳо гуфта буданд, ки бе хонаву дар монда, шабро дар берун, дар хаймаву мошинҳо рӯз кардаанд.

Зоҳиран заминларзаи харобиовар мақомоти тоҷикро ба тафтиши сифати баландошёнаҳо водоштааст, ки сифат ва шеваи бунёдашон ҳамеша танқид мешаванд.

Моҳи феврал бар асари заминларзаи харобиовар дар Тукрия ва Сурия даҳҳо ҳазор нафар кушта ва садҳо ҳазор нафар бесарпаноҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG